- дӯст
- [دوست]1. ёр, ошно, некхоҳи касе, ҷӯра; муқоб. душман: дӯсти азиз, дӯсти дерина, дӯсти меҳрубон, дӯсти наздик, дӯсти самимӣ2. дӯстдоранда, дӯстдор, ошиқ, муҳиб; иштиёқманди чизе ё коре (ба ин маъно бештар ҳамчун ҷузви пасини калимаҳои мураккаб меояд: меҳнатдӯст, сулҳдӯст ва ғ.); дӯст доштан а) ба касе бо ҳисси муҳаббат муносибат кардан, ошиқ будан ба касе, нағз дидан касеро; б) иштиёқманди чизе будан, дӯстдори чизе будан, ошиқи чизе будан; дӯсти нонӣ он ки бо касе барои нону неъматаш дӯстӣ меварзад; дӯсти боғараз; дӯсти ҷонӣ, дӯсти самимӣ; дӯст ба сар нигоҳ мекунад, душман ба по (зарб.) дӯст ақли дӯстро ба эътибор мегирад, душман сару либосро; дӯст гирёнда гап мезанаду душман хандонда (зарб.) дӯст талх бошад ҳам, ҳақиқатро мегӯяду душман рӯбинона суханҳои ширин мегӯяд
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.